Агар шуд суду сармоя, чи ғамгинӣ, чу ман ҳастам?!

Агар шуд суду сармоя, чи ғамгинӣ, чу ман ҳастам?!
Баровар сар зи ҷуди ман, ки лотосу¹ намудастам!

Агар фонӣ шавад олам, зи дарёе бувад шабнам,
Гар афтодаст ӯ аз худ, наяфтодаст аз дастам!

Ҷаҳон моҳӣ, адам дарё, даруни моҳӣ ин ғавғо,
Кунам сайдаш, агар гум шуд, ки ман сайёди бешастам!


¹ Сураи Ҳадид.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.