Дуъогӯйист кори ман, бигӯям, то натақ дорам

Дуъогӯйист кори ман, бигӯям, то натақ дорам,
Қабули ту дуъоҳоро бар он боре чи ҳақ дорам?!

Ба гирди шамъи самъи ту дуъоҳоям хамегардад,
Аз он чун парри парвона дуъои муҳтарақ дорам.

Ба дорулкутби ҳоҷотам даро, ки баҳри исғоят
Суҳаф фавқи суҳаф дорам, варақ зери варақ дорам!

Сарам дар чарх кай гунҷад, ки сар бахшидаи фазл аст!
Дилам шод асту мегӯяд: "Ғами раббулфалақ дорам!".

Чу шохи беди андеша, зи ҳар боде агар печад,
Чу бехи сидраи хазро¹ усули муттафақ дорам!


¹ Дарахти сӯзанбарги табобатӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.