Гар ту бинамехуспӣ, биншин ту, ки ман хуфтам

Гар ту бинамехуспӣ, биншин ту, ки ман хуфтам,
Ту қиссаи худ мегӯ, ман қиссаи худ гуфтам!

Бас кардам аз дастон, зеро масали мастон
Аз хоб ба ҳар сӯйе меҷунбаму меуфтам!

Ман ташнаи он ёрам, гар хуфтаву бедорам,
Бо нақши хаёли ӯ ҳамроҳаму ҳамҷуфтам!

Чун сурати ойина ман тобиъи он рӯям,
З-он рӯ сифати ӯро бинмудаму бинҳуфтам!

Он дам, ки бихандид ӯ, ман низ бихандидам,
В-он дам, ки барошуфт ӯ, ман низ барошуфтам!

Боқӣ-ш бигӯ ту ҳам, зеро ки зи баҳри туст
Дурҳои маъонӣ, ки дар риштаи дам суфтам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.