Гуфтам ба маҳе, к-аз ту сад гуна тараб дорам

Гуфтам ба маҳе, к-аз ту сад гуна тараб дорам,
Гуфто, ки ба ғайри он сад чизи аҷаб дорам!

Гуфтам, ки дар ин бозӣ моро сабабе созӣ?
Гуфто, ки ман ин бозӣ беруни сабаб дорам!

Ҳар тойифа бо қавме хешиву насаб доранд,
Ман бо ғами ишқи ту хешиву насаб дорам!

Берун машав аз дида, ай нури писандида,
К-аз давлати нури ту матлуб талаб дорам!

Онам, ки зи ҳар оҳаш дар чарх занам оташ
В-аз оташи бар оташ аз ишқ лаҳаб¹ дорам!


¹ Шуълаи оташ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.