Тавба накунам ҳаргиз з-ин ҷурм, ки ман дорам

Тавба накунам ҳаргиз з-ин ҷурм, ки ман дорам,
З-он кас, ки кунад тавба з-ин воқиъа, безорам!

Маҷнун зи ғами Лайлӣ чун тавба накард, ай ҷон?!
Сад Лайливу сад Маҷнун дарҷ аст дар асрорам!

Бас бесару по ишқе, ки ошиқу маъшуқам,
Ҳам зораму беморам, ҳам сиҳҳату беморам!

Андешаи парранда з-ин сӯхтапар гашта,
Ки ман қафаси тангам, ки Ҷаъфари Тайёрам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.