Табибем, ҳакимем, табибони қадимем

Табибем, ҳакимем, табибони қадимем,
Шаробему кабобем, Суҳайлему адимем!¹

Чу ранҷуртан оед, чу маъҷуни наҷоҳем,²
Чу бемордил оед, нигорему надимем!

Табибон бигурезанд, чу ранҷур бимирад,
Вале мо нагурезем, ки мо ёри каримем!

Шитобед, шитобед, ки мо бар сари роҳем,
Ҷаҳон дархури мо нест, ки мо нозу наъимем!

Ғалат рафт, ғалат рафт, ки ин нақш на моем,
Ки тан шохи дарахтесту мо боди насимем!

Вале ҷунбиши ин шох ҳам аз фиъли насим аст,
Хамуш бош, хамуш бош, ҳам онему ҳам инем!


¹ Рӯйи замин.
² Растагор.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.