Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем

Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем,
Мастем бад-он ҳад, ки раҳи хона надонем!

Дар ишқи ту аз оқилаи ақл бирастем,
Ҷуз ҳолати шӯридаи девона надонем!

Дар боғ ба ҷуз акси рухи дӯст набинем
В-аз шох ба ҷуз ҳолати мастона надонем!

Гуфтанд: "Дар ин дом яке дона ниҳодаст",
Дар дом чунонем, ки мо дона надонем!

Имрӯз аз ин нуктаву афсона махонед,
К-афсун напазирад дилу афсона надонем!

Чун шона дар он зулф чунон рафт дили мо,
К-аз бехудӣ аз зулфи ту то шона надонем!

Бода диҳу кам пурс, ки чандум қадаҳ аст ин?
К-аз ёди ту мо бода зи паймона надонем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.