Ай хоҷа, бифармо, ба кӣ монам, ба кӣ монам?!

Ай хоҷа, бифармо, ба кӣ монам, ба кӣ монам?!
Ман марди ғарибам, на аз ин шаҳри ҷаҳонам!

Гар дам назанам, то ҳасади халқ наҷунбад,
Донам, ки нагӯям, натавонам, ки надонам!

Он кал кулаҳе ёфту кали хеш ниҳон кард,
Бо банда ба хашм аст, ки донойӣ ниҳонам!

Гар сулҳ кунад, доруйи каллӣ-ш бисозем,
Аз нанги каливу кулаҳаш бозраҳонем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.