GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 202. Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд

Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд,
Гиреҳ аз кори фурӯбастаи мо бикшоянд?

Агар аз баҳри дили зоҳиди худбин бастанд,
Дил қавӣ дор, ки аз баҳри Худо бикшоянд.

Ба сафои дили риндони сабӯҳизадагон,
Бас дари баста ба мифтоҳи дуо бикшоянд.

Номаи таъзияти духтари раз бинвисед,
То ҳама муғбачагон зулфи дуто бикшоянд.

Гесуи чанг бибурред ба марги майи ноб,
То ҳарифон ҳама хун аз мижаҳо бикшоянд.

Дари майхона бибастанд, Худоё, маписанд,
Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд.

Ҳофиз, ин хирқа, ки дорӣ, ту бибинӣ фардо,
Ки чӣ зуннор зи зераш ба дағо бикшоянд.

Ҳофизи Шерозӣ 203. Солҳо дафтари мо дар гарави саҳбо буд
Ҳофизи Шерозӣ 204. Ёд бод он, ки ниҳонат назаре бо мо буд
Ҳофизи Шерозӣ 205. То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд
Ҳофизи Шерозӣ 206. Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд
Ҳофизи Шерозӣ 207. Ёд бод он, ки сари кӯйи туам манзил буд
Ҳофизи Шерозӣ 208. Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад
Ҳофизи Шерозӣ 209. Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд
Ҳофизи Шерозӣ 210. Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесуи ту буд
Ҳофизи Шерозӣ 211. Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд
Ҳофизи Шерозӣ 212. Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Ҳофизи Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР