Аё ёре, ки дар ту нопадидам

Аё ёре, ки дар ту нопадидам,
Туро шакли аҷаб дар хоб дидам!

Чу хотунони Миср аз ишқи Юсуф
Турунҷу даст бехуд мебуридам!

Куҷо он маҳ, куҷо он чашми дӯшин,
Куҷо он гӯш, к-онҳо мешунидам?!

На ту пайдо, на ман пайдо, на он дам,
На он дандон, ки лабро мегазидам!

Манам анбори оганда зи савдо,
К-аз он хирман ҳама савдо кашидам!

Ту ороми дили савдоиёнӣ,
Ту Зуннуну Ҷунайду Боязидам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.