Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам

Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам,
Ба лутфу ҳусни ту касро надидам!

Зи ҳиҷрону ғарибӣ бозгаштам,
Дигарбора бад-ин давлат расидам!

Зи боғи рӯйи ту то дур гаштам,
На гул дидам, на як мева бичидам!

Ба бадбахтӣ чу дур афтодам аз ту,
Зи ҳар бадбахт сад заҳмат кашидам!

Чи гӯям, мурда будам бе ту мутлақ,
Худо аз нав дигар бор офаридам!

Аҷаб гӯйӣ: "Манам рӯйи ту дида!",
Манам, гӯйӣ, ки овозат шунидам!

Биҳил, то дасту поятро бибӯсам,
Бидиҳ идона, к-имрӯз аст идам!

Туро, ай Юсуфи Миср, армуғоне
Чунин ойинаи равшан харидам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.