Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам

Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам,
Ба зулфи кофарат имон надорам!

Чу гуфтӣ нанг медорӣ зи ишқам,
Ғами ишқи туро пинҳон надорам!

Ту мегуфтӣ: "Макун дар ман нигоҳе,
Ки ман хунҳо кунам, товон надорам!"

Мани саргашта чун фармон набурдам,
Аз он бар неку бад фармон надорам!

Чу ҳар кас лутф меёбанд аз ту,
Мани бечора, охир, ҷон надорам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.