Ман аз олам туро танҳо гузинам

Ман аз олам туро танҳо гузинам,
Раво дорӣ, ки ман ғамгин нишинам?!

Дили ман чун қалам андар кафи туст,
Зи туст, ар шодмону гар ҳазинам!

Ба ҷуз он чӣ ту хоҳӣ, ман чи бошам?!
Ба ҷуз он чӣ намойӣ, ман чи бинам?!

Гаҳ аз ман хор рӯёнӣ, гаҳе гул,
Гаҳе гул бӯяму гаҳ хор чинам!

Маро ту чун чунон дорӣ, чунонам,
Маро ту чун чунин хоҳӣ, чунинам!

Дар он хумме, ки дилро ранг бахшӣ,
Чи бошам ман, чи бошад миҳру кинам?!

Ту будӣ аввалу охир ту бошӣ,
Ту биҳ кун охирам аз аввалинам!

Чу ту пинҳон шавӣ, аз аҳли куфрам,
Чу ту пайдо шавӣ, аз аҳли динам!

Ба ҷуз чизе, ки додӣ, ман чи дорам?!
Чи меҷӯйӣ зи ҷайбу остинам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.