Варо хоҳам, дигар ёре нахоҳам

Варо хоҳам, дигар ёре нахоҳам,
Чу гулро ёфтам, хоре нахоҳам!

Туро гар ғайри ӯ ёри дигар ҳаст,
Бирав он ҷо, ки ман ёре нахоҳам!

Ба ҷуз дидори ӯ бахте наҷӯям,
Ба ғайри кори ӯ коре нахоҳам!

Чу бозон соъиди султон гузидам,
Чу каргас бӯйи мурдоре нахоҳам!

Миёни аҳли дил ҷуз дил нагунҷад,
Ҷуз ин дилдор дилдоре нахоҳам!

Зи ман ҷузве ситонад, кул бибахшад,
Аз ин биҳ рӯзи бозоре нахоҳам!

На он ҷузвам, ки ғайри кул бувад он,
Нахоҳам ғайрро, оре, нахоҳам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.