На он шерам, ки бо душман бароям

На он шерам, ки бо душман бароям,
Маро ин бас, ки ман бо ман бароям!

Чу хоки пойи ишқам, ту яқин дон,
К-аз ин гил чун гулу савсан назоям!

Сияҳпӯшам чу шаб ман аз ғами ишқ
В-аз ин шаб чун маҳи равшан бароям!

Аз ин оташ чу дудам ман саросар,
Ки то чун дуд аз ин равзан бароям!

Манам тифле, ки ишқам устод аст,
Бинагзорад, ки ман кавдан¹ бароям!

Шавам чун ишқ дойим ҳаййи қайюм,
Чу ман аз хобу аз хӯрдан бароям!

Ҳало, тан зан чу Бӯбакри рубобӣ,
Ки то ман ҷон шавам в-аз тан бароям!


¹ Нодон, кундфаҳм.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.