Зи қанди ёр то шохе нахоям

Зи қанди ёр то шохе нахоям,
Намози шом рӯза кай кушоям?!

Намедонам, куҷо мерӯяд он қанд,
К-аз ӯ хӯрдам, намедонам куҷоям?!

Аҷойиб он, ки нақлаш ақли ман бурд,
Чу ақлам нест, чунаш меситоям?!

Кӣ дорад рӯза ҳамчун рӯзаи ман,
К-аз ӯ ҳар лаҳза идӣ мерабоям?!

Зи субҳи рӯйи ӯ дорам сабӯҳӣ,
Намози шомро ҳаргиз напоям!

Чу гул дар боғи ҳуснаш хуш бихандам,
Чу субҳ аз офтобаш хуш бароям!

Забонам аз шароби ӯ шикастаст,
Зи дастонаш шикаста дасту поям!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.