Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем

Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем,
Ба сар гардему чун паргор гардем!

Биё, к-имрӯз гирди худ бигардем,
На гирди хонаи хаммор гардем!

Магӯ бо мо, ки мо девонагонем,
Бар оташҳои безинҳор гардем!

Сабук гардем чун боди баҳорӣ,
Ҳарифи сабзаву гулзор гардем!

Чаро чун гӯш ҷумла бод гирем?!
Чаро чун муш дар анбор гардем?!

Дар он табла¹ шакар пур кард аттор,
Ба гирди таблаи аттор гардем!

Чу сурма хидмати дида гузинем,
Чу дида ҷумлагӣ дидор гардем!


¹ Сандуқу қуттии дӯкони атторон.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.