Ману ту дӯш шаб бедор будем

Ману ту дӯш шаб бедор будем,
Ҳама хуфтанду мо бар кор будем!

Ҳарифи ғамзаи ғаммоз гаштем,
Ба пеши турраи таррор будем!

Биё, то зоҳиру пайдо нагӯем,
Ки бо ишқи ниҳонӣ ёр будем!

Агарчи пешу пас он ҷо нагунҷад,
Ба пеши сониъи ҷаббор будем!

Аҷаб набвад, агар моро надиданд,
Ки мо дар махзани асрор будем!

Биёвардем дурҳо армуғонӣ,
Ки яъне мо ба дарёбор будем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.