Миёни мо даро, мо ошиқонем

Миёни мо даро, мо ошиқонем,
Ки то дар боғи ишқат дур кашонем!

Муқими хонаи мо шав чу соя,
Ки мо хуршедро ҳамсоягонем!

Чу ҷон андар ҷаҳон гар нопадидем,
Чу ишқи ошиқон гар бенишонем,

Валек осори мо пайвастаи туст,
Ки мо чун ҷон ниҳонему аёнем!

Ҳар он чизе, ки ту гӯйӣ, ки онед,
Ба болотар нигар, болои онем!

Ту обӣ, лек гирдобиву маҳбус,
Даро дар мо, ки мо сели равонем!

Чу мо дар фақри мутлақ покбозем,
Ба ҷуз таснифи нодонӣ надонем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.