Бар он будам, ки фарҳанге биҷӯям

Бар он будам, ки фарҳанге биҷӯям,
Ки он дам рӯ ниҳад рӯйе ба рӯям!

Бигуфтам: "Як сухан дорам ба хотир,
Ба пеш о, то ба гӯши ту бигӯям!

Ки хобе дидаам ман дӯш, ай ҷон,
Зи ту хоҳам, ки таъбираш биҷӯям!

Надорам маҳрами ин хоб ҷуз ту,
Ту бишнав, ай шаҳи сатторхӯям!".

Биҷунбонед саррову бихандед,
Сареро, ки бидонад мӯбамӯям!

Ки яъне ҳила бо ман месиголӣ,
Ки ман ойинаи ҳар рангу бӯям!

Мисоли лӯъбатеам дар кафи ӯ,
Ки нақши сӯзани зардӯзи ӯям!

Набошад бе ҳаёт он нақш, к-ӯ кард,
Камин нақшаш манам, дар ҳоюҳӯям!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.