Магардон рӯйи худ, ай дида рӯям

Магардон рӯйи худ, ай дида рӯям,
Ба ман бингар, ки то аз ту бирӯям!

Сабӯйи ҷисмам аз чашма-т пуроб аст,
Макун, ай сангдил, машкан сабӯям!

Ту ҷӯёйиву ман ҷуётар аз ту,
Кӣ донад, ту чӣ ҷӯйӣ, ман чӣ ҷӯям?!

Ҳамин донам, ки аз бӯйи гули ту
Мисоли гул қабо дар хун бишӯям!

Манам зарробу ишқат чун тарозу,
Аз ин хомӯши гӯё чанд гӯям?!

Зиҳӣ мушкил, ки ту худ сӯ надорӣ
Ва ман дар ҷустани ту сӯбасӯям!

Ту андар ҳеч кӯйе дарнагунҷӣ,
Ва ман андар пайи ту кӯбакӯям!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.