Гар аз ғами ишқ ор дорем

Гар аз ғами ишқ ор дорем,
Пас мо ба ҷаҳон чи кор дорем?!

Ё Раб, ту мадиҳ қарор моро,
Гар бе рухи ту қарор дорем!

Ай Юсуфи юсуфон, куҷойӣ?
Мо рӯй дар он диёр дорем!

Ҳар субҳ бар он ду зулфи мушкин
Чун боди сабо гузор дорем!

Чун ҳалқаи зулфи худ шуморӣ,
Мо чашм дар он шумор дорем!

Чашми ту шикор кард ҷонро,
Мо дида дар он шикор дорем!

Ай оби ҳаёт дар канорат,
Ин оташ аз он канор дорем!

З-он лоласитон чи зор гаштем?!
Ё Раб, ки чи лолазор дорем!

Гӯем зи рашки Шамси Табрез,
"Не симу на зар, на ёр дорем!".

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.