Гар нози туро ба гуфт н-орам

Гар нози туро ба гуфт н-орам,
Миҳри ту даруни сина дорам!

Бе миҳри ту гар гуле бибӯям,
Дарҳол бисӯз ҳамчу хорам!

Монандаи моҳӣ ар хамӯшам,
Чун мавҷу чу баҳр беқарорам!

Ай бар лаби ман ниҳода муҳре,
Мекаш ту ба сӯйи худ маҳорам!

Мақсуди ту чист, ман чӣ донам?
Донам, ки ман андар ин қаторам!

Нушхори ғамат занам чу уштур,
Чун уштури маст каф барорам!

Ҳарчанд ниҳон кунам, нагӯям,
Дар ҳазрати ишқ ошкорам!

Монандаи дона зери хокам,
Мавқуфи ишорати баҳорам!

То бе дами худ занам даме хуш,
То бе сари худ саре бихорам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.