Мутақаллиб даруни ҷомаи ноз

Мутақаллиб даруни ҷомаи ноз
Чӣ хабар дорад аз шабони дароз?

Оқил анҷоми ишқ мебинад,
То ҳам аввал намекунад оғоз.

Ҷаҳд кардам, ки дил ба кас надиҳам,
Чӣ тавон кард бо ду дидаи боз?

Зинҳор аз балои тири назар,
Ки чу рафт аз камон, наёяд боз.

Магар аз шӯхии тазарвон буд,
Ки фурӯ дӯхтанд дидаи боз?

Муҳтасиб дар қафои риндон аст,
Ғофил аз сӯфиёни шоҳидбоз.

Порсое, ки хамри ишқ чашид,
Хона, гӯ, бо муоширон пардоз!

Ҳар киро бо гул ошноӣ буд,
Гӯ, бирав, бо ҷафои хор бисоз!

Сипарат мебибояд афкандан,
Эй ки дил медиҳӣ ба тирандоз.

Ҳар чӣ бинӣ зи дӯстон, карам аст,
Гар иҳонат кунанду гар эъзоз¹.

Дасти Маҷнуну домани Лайлӣ,
Рӯи Маҳмуду хоки пои Аёз².

Ҳеч булбул надонад ин дастон,
Ҳеч мутриб надорад ин овоз.

Ҳар матоъе зи маъдане хезад,
Шаккар аз мисру Саъдӣ аз Шероз.


¹ Гиромӣ доштан.
² Номи маҳбуби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ.