Дар ишқи қадим солх(в)ардем

Дар ишқи қадим солх(в)ардем,
В-аз гуфти ҳасуд барнагардем!

З-ин дамдамаҳо занон битарсанд,
Бар мо ту махон, ки марди мардем!

Мардона кунем кори мардон,
Пинҳон накунем, он чи кардем!

Моро ту ба зарду сурх мафреб,
К-аз ханҷари ишқ рӯйзардем!

Бар дард ҳазор офарин бод,
Боқӣ бари мо, ки ёри дардем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.