Гар гумшудагони рӯзгорем

Гар гумшудагони рӯзгорем,
Раҳёфтагони кӯйи ёрем!

Гум гардад рӯзгор чун мо,
Гар оташи дил бар ӯ гуморем!

Не сар монад, на ақл ӯро,
Гар мо сари фитнаро бихорем!

Ин марг, ки халқ луқмаи ӯст,
Як луқма кунему ғам надорем!

Ту ғарқаи воми ин қиморӣ,
Мо вомгузори ин қиморем!

Ҷоне мондаст раҳини ин вом,
Ҷонро бидиҳему баргузорем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.