Бузург давлати он, к-аз дараш ту оӣ боз

Бузург давлати он, к-аз дараш ту оӣ боз,
Биё, биё, ки ба хайр омадӣ, куҷоӣ боз?

Рухе, к-аз ӯ мутасаввар намешавад ором,
Чаро намудию дигар наменамоӣ боз?

Дари дулахтии чашмони шӯхи дилбандат
Чӣ кардаам, ки ба рӯям намекушоӣ боз?

Агар туро сари мо ҳаст ё ғами мо нест,
Ман аз ту даст надорам ба бевафоӣ боз.

Шароби васли ту дар коми ҷони ман азалист,
Ҳанӯз мастам аз он ҷоми ошноӣ боз.

Диле, ки бар сари кӯи ту гум кунам, ҳайҳот,
Ки ҷуз ба рӯи ту бинам ба рӯшноӣ боз.

Туро ҳар оина бояд ба шаҳри дигар рафт,
Ки дил намонд дар ин шаҳр, то рабоӣ боз.

Авоми халқ маломат кунанд сӯфиро,
К-аз ин ҳавову табиат чаро наёӣ боз?

Агар ҳаловати мастӣ бидонӣ, эй ҳушёр,
Ба умри худ набарӣ номи порсоӣ боз.

Гарат чу Саъдӣ аз ин дар наволае бахшанд,
Бирав, ки хӯ наканӣ ҳаргиз аз гадоӣ боз.