GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 206. Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд

Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд,
Меҳрварзии ту бо мо шӯҳраи офоқ буд.

Ёд бод он сӯҳбати шабҳо, ки бо нӯшинлабон,
Баҳси сирри ишқу зикри ҳалқаи ушшоқ буд.

Пеш аз ин, к-ин сақфи сабзу тоқи мино баркашанд,
Манзари чашми маро абруи ҷонон тоқ буд.

Аз дами субҳи азал то охири шоми абад,
Дӯстиву меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.

Сояи маъшуқ агар афтод бар ошиқ чӣ шуд?
Мо ба ӯ мӯҳтоҷ будем, ӯ ба мо муштоқ буд.

Ҳусни маҳрӯёни маҷлис гарчи дил мебурду дин,
Баҳси мо дар лутфи табъу хубии ахлоқ буд.

Бар дари шоҳам гадое нуқтае дар кор кард,
Гуфт: «Бар ҳар хон, ки биншастам, Худо раззоқ буд»,

Риштаи тасбеҳ агар бигсаст, маъзурам бидор,
Дастам андар домани соқии симинсоқ буд.

Дар шаби қадр ар сабӯҳӣ кардаам, айбам макун,
Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд.

Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Ҳофизи Шерозӣ 207. Ёд бод он, ки сари кӯйи туам манзил буд
Ҳофизи Шерозӣ 208. Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад
Ҳофизи Шерозӣ 209. Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд
Ҳофизи Шерозӣ 210. Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесуи ту буд
Ҳофизи Шерозӣ 211. Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд
Ҳофизи Шерозӣ 212. Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд
Ҳофизи Шерозӣ 213. Гавҳари махзани асрор ҳамон аст, ки буд
Ҳофизи Шерозӣ 214. Дидам ба хоби хуш, ки ба дастам пиёла буд
Ҳофизи Шерозӣ 215. Ба кӯйи майкада, ё Раб, саҳар чӣ машғала буд?
Ҳофизи Шерозӣ 216. Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР