Не ту гуфтӣ: "Аз ҷафои он ҷафогар нашканам?!"...

Не ту гуфтӣ: "Аз ҷафои он ҷафогар нашканам?!",
Не ту гуфтӣ: "Оламе дар ишқи ӯ барҳам занам?!".

Не ту дасти ӯ гирифтӣ, аҳд кардӣ ду ба ду?
К-аз пайи он ҷону дил ин ҷону дилро барканам?!

Нури чашмат чун манам, дурам мабин, ай нури чашм,
Сӯйи боло бингар, охир, з-он, ки ман бар равзанам!

Ай саририштай тарабҳо, Исии даврон туйӣ,
Сар аз ин равзан фурӯ кун, гарчи ман чун сӯзанам!

Ишқро рӯзи қиёмат оташу дуде бувад,
Нури он оташ ту бошӣ, дуди он оташ манам!

То бибинам рӯйи чун гулзори он сад навбаҳор,
Ҳамчу лола ман сияҳдил, садзабон чун савсанам!

Шоҳ Шамсуддини Табрезӣ, манат ошиқ басам,
Рӯзи базмат ҳамчу мумам, рӯзи размат оҳанам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.