Бути бенақшу нигорам, ҷузи ту ёр надорам

Бути бенақшу нигорам, ҷузи ту ёр надорам,
Туйӣ ороми дили ман, мабар, ай дӯст, қарорам!

Зи ҷафои ту ҳазинам, ҷузи ишқат нагузинам,
Ҳавасе нест ҷуз инам, ҷуз аз ин кор надорам!

Ту ба рухсор чу моҳӣ, чи латифиву чи шоҳӣ,
Ту маро пушту паноҳӣ, зи ту ороста корам!

Ҷузи ишқат напазирам, ҷузи зулфи ту нагирам,
Ки дар ин аҳд чу тирам, ки бар ин чанг чу торам!

Тани моро ҳама ҷон кун, ҳамаро гавҳари кон кун,
Зи тараб чашма равон кун ба суйи боғу баҳорам.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.