Алами ишқ баромад, бираҳонад зи заҳирам

Алами ишқ баромад, бираҳонад зи заҳирам,
Ба лаби чашмаи ҳайвон бикашам пой, бимирам!

Ба кӣ монам, ба кӣ монам, ки сутурлоби ҷаҳонам?!
Чу қазо ҳукмравонам, на амирам, на вазирам!

Бирав, ай олами ҳастӣ, ҳамаро пой бибастӣ,
Ту агар ҷони манастӣ, напазирам, напазирам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.