Ду ҳазор аҳд кардам, ки сари ҷунун нахорам

Ду ҳазор аҳд кардам, ки сари ҷунун нахорам,
Зи ту даршикаст аҳдам, зи ту бод шуд қарорам!

Зи раҳи зиёдаҷӯйӣ ба тариқи хирарӯйӣ
Биравам, ки кадхудоям, ғала бидравам, бикорам!

Ҳама ҳаллу уқди олам чу ба дасти ғайб омад,
Мани булфузули муъҷиб, ту бигӯ, ки бар чи корам?!

Чу қазо ба сухра хоҳад, ки зи сиблате бихандад,
Саги лангро бигӯяд, ки бирас бад-он шикорам!

Чу бар ӯ-ш раҳм ояд, хабараш кунад, ки биншин,
Биҳил ихтиёри худро ту ба пеши ихтиёрам!

Агарат шикор бояд, зи манат шикор хуштар,
Ҳама сайдҳои ҷонро ба нисор бар ту борам!

На зи доми ман малоле, на зи ҷоми ман ваболе,
На назири ман ҷамоле, чи ғарибу нудра ёрам?!

Хамуш, ар дигар бигӯям зи мақолати хуши ӯ,
Бипарад кабӯтари дил суйи аввали маторам!

Табрезу Шамси дин шуд сабаби фурӯғи ахтар,
Рухи шамс аз ӯ мунаввар ба фарози сабзи торам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.