Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам

Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам
В-аз лаби чун шакари ӯ шакаре мерасадам!

Шакар андар шакар андар шакар андар шакар аст,
Шакаре дар даҳан асту дигаре мерасадам!

Ҳар дам аз гулшани ӯ турфа гуле месигалам,
Ҳар замон тозагул аз шохи таре мерасадам!

Хира аз ишқи ваям, к-аз ҳавасаш ҳар нафасе
Ошиқи сӯхтаи хирасаре мерасадам!

Он яке зард шуда, к-оташи ӯ мекашадам,
В-ин дигар ҳаст, ки аз вай назаре мерасадам!

В-он дигар бар дари он хонаи ӯ биншаста,
Ки дар ар боз нашуд, бонги даре мерасадам!

В-он яке бар сари он хок сарак бинҳода,
Ки зи хокаш сифати ҷонваре мерасадам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.