Ман чу дар гӯр - дарун хуфта ҳамефарсоям

Ман чу дар гӯр - дарун хуфта ҳамефарсоям,
Чу биёйӣ ба зиёрат, сара берун оям!

Нафхи сури маниву маҳшари ман, пас чӣ кунам?!
Мурдаву зинда бад-он ҷо, ки туйӣ, он ҷоям!

Масали нойи ҷамодему хамуш бе лаби ту,
Чи навоҳо занам он дам, ки даме дарн-оям?!

Чун наёбам маҳи рӯят, сари худ мебандам,
Чун наёбам лаби нӯшат, кафи худ мехоям!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.