Рӯзи шодист, биё, то ҳамагон ёр шавем

Рӯзи шодист, биё, то ҳамагон ёр шавем,
Даст бо ҳам бидиҳему бари дилдор шавем!

Чун дар ӯ данг шавему ҳама якранг шавем,
Ҳамчунин рақскунон ҷониби бозор шавем!

Рӯзи он аст, ки хубон ҳама дар рақс оянд,
Мо бибандем дуконҳо, ҳама бекор шавем!

Рӯзи он аст, ки ташриф бипӯшад ҷонҳо,
Мо ба миҳмони Худо бар сари асрор шавем!

Рӯзи он аст, ки дар боғ бутон хайма зананд,
Мо ба наззораи эшон суйи гулзор шавем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.