Пайванди рӯҳ мекунад ин боди мушкбез

Пайванди рӯҳ мекунад ин боди мушкбез,
Ҳангоми навбати саҳар аст, эй надим, хез!

Шоҳид бихону шамъ бияфрӯзу май бинеҳ,
Анбар бисою уд бисӯзону гул бирез!

В-ар дӯст даст медиҳадат, ҳеч, гӯ, мабош,
Хуштар бувад арӯси накӯрӯй беҷиҳез.

Имрӯз бояд, ар караме мекунад саҳоб,
Фардо ки ташна мурда бувад, лой, гӯ, бихез.

Ман дар вафову аҳд чунон кунд нестам,
К-аз домани ту даст бидорам ба теғи тез.

Гар теғ мезанӣ, сипар инак вуҷуди ман,
Айёри муддаъӣ кунад аз душман эҳтирез.

Фардо ки сар зи хок барорам, агар туро
Бинам, фароғатам бувад аз рӯзи растахез.

То худ куҷо расад ба қиёмат намози ман,
Ман рӯй дар туву ҳама кас рӯй дар Ҳиҷез.

Саъдӣ ба доми ишқи ту дар пой банд монд,
Қайде накардаӣ, ки муяссар шавад гурез.