Ман ба сӯйи боғу гулшан меравам

Ман ба сӯйи боғу гулшан меравам,
Ту намеойӣ миён, ман меравам!

Рӯз торик аст бе рӯяш маро,
Ман барои шамъи равшан меравам!

Ҷон маро ҳиштасту пешин меравад,
Ҷон ҳамегӯяд, ки бе тан меравам!

Бӯйи себ омад маро аз боғи ҷон,
Маст гаштам, себ хӯрдан меравам!

Айш боқӣ шуд маро он ҷо, ки ман
Аз барои айш кардан меравам!

Ман ба ҳар боде нагардам, з-он ки ман
Дар раҳаш чун кӯҳи оҳан меравам!

Ман гиребонро даридам аз фироқ,
Дар пайи ӯ ҳамчу доман меравам!

Оташам, гарчи ба сурат равғанам,
В-андар оташ ҳамчу равған меравам!

Ҳамчу кӯҳе менамоям, лек ман
Зарра-зарра сӯйи равзан меравам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.