Як даме хуш чу гулистон кунадам

Як даме хуш чу гулистон кунадам,
Як даме ҳамчу зимистон кунадам.

Як дамам фозилу устод кунад,
Як даме тифли дабистон кунадам.

Як даме санг занад, бишканадам,
Як даме шоҳи дуристон кунадам.

Як даме чашмаи хуршед кунад,
Як даме ҷумла шабистон кунадам.

Доманашро бигирифтам ба ду даст,
То бибинам, ки чи дастон кунадам!

Дурдии дурди хушашро қадаҳам,
Гарчи ӯ соқии мастон кунадам!

З-он ситонам шакари ӯ шабу рӯз,
То лақаб ҳам шакаристон кунадам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.