Ман аз ин хона бадар менаравам

Ман аз ин хона бадар менаравам,
Ман аз ин шаҳр сафар менаравам!

Манаму ин санаму соқии умр,
Ман аз ӯ ҷойи дигар менаравам!

Ба Худо, тӯтиву тӯтибачаам,
Ҷуз суйи тунги шакар менаравам!

Як замоне, ки зи ман дур шавад,
Ҷуз ки дар хуни ҷигар менаравам!

Гар ҷаҳон баҳр шавад, мавҷ занад,
Ман ба ҷуз сӯйи гуҳар менаравам!

Булбули мастаму дар боғи тараб
Ҷуз ба сӯйи гули тар менаравам!

Дар сарам бӯйи майе афтодаст,
То чу май ҷуз, ки ба сар менаравам!

Инчунин боғу чунин сарву чаман,
Ҷойи он ҳаст, агар менаравам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.