Ман агар пурғам, агар хандонам

Ман агар пурғам, агар хандонам,
Ошиқи давлати он султонам!

Ҳаваси ишқи малак тоҷи ман аст,
Агарам тоҷ диҳӣ, настонам!

Ранги шохи гули ӯ барги ман аст,
З-он ки ман булбули он бустонам!

Ҷуз ки бар хоки дараш наншинам,
Ҷуз ки дар ҷону дилаш наншонам!

Рӯзу шаб ғарқаи ширу шакарам,
Дар гулу ёсаману райҳонам!

Гар хароб аст ҷаҳон, гар маъмур,
Ман хароби ваям, ин медонам!

Назаре ҳаст малакро бар ман,
Гарчи бо хоки замин яксонам!

Зари бо хок даромехтаам,
Бош, дар кӯра равам, дар конам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.