Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам

Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам,
Дар бехудии мутлақ бо худ чи нек шодам!

Чашмам бидӯхт дилбар, то ғайри ӯ набинам,
То чашмҳо баногаҳ дар рӯйи ӯ кушодам!

Бо ман ба ҷанг шуд ҷон, гуфто: "Маро маранҷон!",
Гуфтам: "Талоқ бистон!". Гуфто: "Бидиҳ!" "Бидодам!".

Модар чу доғи ишқат медид дар рухи ман,
Нофам бар он бурид ӯ, он дам, ки ман бизодам!

Гар бар фалак равонам в-ар лавҳи ғайб донам,
Ай ту салоҳи ҷонам, бе ту чи дар фасодам!

Ай парда барфиканда, то мурда гашта зинда,
В-аз нури рӯят омад аҳди аласт ёдам!

Аз ишқи шоҳи парён чун ёва гаштам, ай ҷон,
Аз хешу халқ пинҳон, гӯйӣ паринажодам!

Табрези Шамси динро гуфтам: "Тано, ки бошӣ?",
Тан гуфт: "Хок!"-у ҷон гуфт: "Саргашта ҳамчу бодам!".

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.