Соқии симтан, чӣ хусбӣ? Хез!

Соқии симтан, чӣ хусбӣ? Хез!
Оби шодӣ бар оташи ғам рез!

Бӯсае бар канори соғар неҳ,
Пас бигардон шароби шаҳдомез,

К-абри озору боди наврӯзӣ
Дурфишон мекунанду анбарбез.

Ҷаҳд кардем, то наёлояд
Ба харобот домани парҳез.

Дасти болои ишқ зӯр овард,
Маърифатро намонд ҷои ситез.

Гуфтам: Эй ақли зӯрманд, чаро
Баргирифтӣ зи ишқ роҳи гурез?

Гуфт: Агар гурба шери нар гардад,
Накунад бо паланг дандон тез.

Шоҳидон мекананд хонаи зуҳд,
Мутрибон мезананд роҳи «Ҳиҷез».

Тавбаро талх мекунад дар ҳалқ
Ёри ширинзабони шӯрангез.

Саъдиё, ҳар дамат ки даст диҳад,
Ба сари зулфи дилбарон овез!

Душманонро ба ҳоли худ бигузор,
То қиёмат кунанду растохез.