Ай чархи айбҷӯям в-ай сақфи пурситезам

Ай чархи айбҷӯям в-ай сақфи пурситезам,
То кай ба гӯша-гӯша аз макри ту гурезам?

Ай чархи ҳамчу зангӣ, хунхораи халойиқ,
Ман абри ҳамчу хунам, бар ту чаро нарезам?!

Ай дил бисӯз хуш-хуш, магрез аз ин ду оташ,
К-ин аст бар ту воҷиб, к-ойӣ ба нори тезам!

Мақсуд нур омад, олам танӯр омад,
В-ин ишқ ҳамчу оташ в-ин халқ ҳамчу ҳезум!

Ҳамчун Халили Яздон парвонавор шодон
Дар оташат нишастам, то ҳашр барнахезам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.