Ай тавбаам шикаста, аз ту куҷо гурезам?!

Ай тавбаам шикаста, аз ту куҷо гурезам?!
Ай дар дилам нишаста, аз ту куҷо гурезам?!

Ай нури ҳар ду дида, бе ту чи гуна бинам?!
В-ай гарданам бибаста, аз ту куҷо гурезам?!

Ай шаш ҷиҳат зи нурат чун ойинаст шашрӯ
В-ай рӯйи ту хуҷаста, аз ту куҷо гурезам?!

Дил буд аз ту хаста, ҷон буд аз ту раста,
Ҷон низ гашт хаста, аз ту куҷо гурезам?!

Гар бандам ин басарро в-ар бисгалам назарро,
Аз дил найӣ гусаста, аз ту куҷо гурезам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.