Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам

Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам,
Ҷон додаам, валек ҷаҳоне харидаам!

Рӯям чу заргар аст, аз ӯ ин сухан шунав:
"Додам қурозае зару коне харидаам!".

Аз чашми турки дӯст чи тире, ки хӯрдаам,
В-аз тоқи абруяш чи камоне харидаам!

Бо халқ баста-баста бигӯям ман ин ҳадис,
Бо кас нагӯям: "Ин зи фалонӣ харидаам!".

Ҳарчанд безабон шуда будам чу моҳие,
Дидам шакарлабеву забоне харидаам!

Ногоҳ чун дарахт бирустӣ миёни боғ,
З-он боғи бенишона нишоне харидаам!

Гуфтам миёни боғи худ: "Онро миёна нест!",
Лек аз миён нестмиёне харидаам!

Кардам қирон ба мафхари Табрез - Шамси дин,
Берун зи ҳар ду қарн қироне харидаам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.