Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас

Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас,
В-ар пойбандӣ ҳамчу ман, фарёд мехон аз қафас.

Гиранд мардум дӯстон номеҳрбону меҳрбон,
Ҳар рӯз хотир бо яке, мо худ яке дорему бас.

Маҳмули пешоҳанро аз ман бигӯ, эй сорбон,
Ту хоб мекун бар шутур, то бонг бардорад ҷарас.

Ширинбизоат бар магас чандон ки тундӣ мекунад,
Ӯ бодбезан ҳамчунон дар дасту меояд магас.

Панди хирадмандон чӣ суд, акнун ки бандам сахт шуд?
Гар ҷастам ин бор аз қафас, бедор бошам з-ин сипас.

Гар дӯст меояд барам, ё теғи душман бар сарам,
Ман бо касе афтодаам, к-аз вай напардозам ба кас.

Бо ҳар кӣ биншинам даме, к-аз ёди ӯ ғофил шавам,
Чун субҳи бехуршедам, аз дил барнамеояд нафас.

Ман муфлисам дар корвон, гӯ, ҳар кӣ хоҳӣ, қасд кун,
Нагзошт мутриб дар барам чандон, ки бистонад асас¹.

Гар панд мехоҳӣ, бидеҳ, в-ар банд мехоҳӣ, бинеҳ,
Девона сар хоҳад ниҳод, он гаҳ ниҳад аз сар ҳавас.

Фарёди Саъдӣ дар ҷаҳон афкандӣ, эй ороми ҷон,
Чандин ба фарёд оварӣ? Боре ба фарёдаш бирас!


¹ Посбон.