Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!

Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!
Ушшоқ бас накарда ҳанӯз аз канору бӯс.

Пистони ёр дар хами гесӯи тобдор
Чун гӯи оҷ дар хами чавгони обнӯс.

Як шаб, ки дӯст фитнаи хуфта-ст, зинҳор,
Бедор бош, то наравад умр бар фусӯс.

То нашнавӣ зи масҷиди одина бонги субҳ,
Ё аз дари сарои Атобак ғиреви кӯс²,

Лаб бар лабе чу чашми хурӯс аблаҳӣ бувад
Бардоштан ба гуфтаи беҳудаи хурӯс.


¹ Бонги нақораи бузург.