Мо ҳама аз аласт ҳамдастем

Мо ҳама аз аласт ҳамдастем,
Оқибат, шукр, боз пайвастем!

Мо ҳама ҳамдилему ҳамроҳем,
Ҷумла аз як шароб сармастем!

Мо зи кавнайни ишқ бигзидем,
Ҷуз, ки он ишқ, ҳеч напрастем!

Чанд талхӣ кашид ҷон зи фироқ,
Оқибат аз фироқ ворастем!

Офтобе даромад аз равзан,
Кард моро баланд, агар пастем!

Офтобо, макаш зи мо доман,
Не, ки бар домани ту биншастем!

Аз шуъоъи ту ҳаст, агар лаълем,
Аз ту ҳастем мо, агар ҳастем!

Пеши ту зарравор рақсонем,
Аз ҳавои ту банд бишкастем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.