Мо, ки бода зи дасти ёр хурем

Мо, ки бода зи дасти ёр хурем,
Кай чу уштур гиёҳу хор хурем?!

Эманем аз хумори май, эро
Майи соқии бехумор хурем!

Ҷоми мардон биёр, то к-имрӯз
Бе муҳобову мардвор хурем!

Ба дами ношумурда зинда шавем,
Андар он дам, ки бешумор хурем!

Соқиё, пой дор, то зи кафат
Майи сархушши пойдор хурем!

Пайи ин шери маст мепӯйем,
То кабоб аз дили шикор хурем!

З-он диёрем, к-аз ҳадас пок аст,
Рӯзии пок аз он диёр хурем!

На чу каргас асири мурдорем,
На чу лаклак зи ҳирс мор хурем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.