Ошиқи рӯйи ҷонфазойи туем

Ошиқи рӯйи ҷонфазойи туем,
Раҳмате кун, ки дар ҳавойи туем!

Ту ба рухсори офтобиву маҳ,
Мо ҳама зарра дар ҳавойи туем!

То ту з-ин парда рӯй бинмоӣ,
Мунтазир бар дари саройи туем!

Ай, ки мо дар миёни маҷлиси унс
Бехуд аз шарбати лиқойи туем!

Хира чун душманон макуш моро,
К-охир, ай дӯст, ошнои туем!

Ту ризо медиҳӣ ба куштани мо,
Мо ҳама бандаи ризойи туем!

Гарчи бо хотами Сулаймонем,
Ай паризода, хоки пойи туем!

Шамси Табрез, ҷони ҷонҳойӣ,
Мо ҳама бандаву гадойи туем!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.